давлат

давлат
[دولت]
а
1. молу мулк, бойигарӣ, дороӣ, сарват: давлати дунё, молу давлат, давлатат зиёда шавад (таъбири дуои нек); давлату ҳашамат сарват ва ҷоҳу ҷалол, молу мулк; давлати касе кам нашудан ба молу мулки касе зарар нарасидан
2. ташкилоти сиёсии як ҷомеа, ки созмонҳояш умури онро идора менамояд; мамлакате, ки ба чунин ташкилот соҳиб аст: давлати марказиятёфта (мутамарказ), давлати мустақил
3. маҷ. бахт, саодат, иқбол; давлати пирӣ хушбахтӣ ва осудаҳолии айёми пирӣ; давлати бузург будан бахти ниҳоят баланд будан, толеи баланд будан, боиси хушбахтӣ шудан; аз давлати… // аз сояи давлати… ба шарофати…; ба воситаи…; аз ҳисоби…; аз давлати шолӣ курмак об мехӯрад (мақ.); дар сояи давлати… а) дар паноҳи…, дар ҳимояи…; б) ба шарофати…, аз пушти…

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Нужно сделать НИР?

Смотреть что такое "давлат" в других словарях:

  • давлатӣ — [دولتي] мансуб ба давлат: вазифаи давлатӣ, бонки давлатӣ, идораи давлатӣ; имтиҳони давлатӣ имтиҳони хатми мактабҳои миёна ва олӣ; мукофоти давлатӣ ҷоизаи махсус таъсискардаи ҳукумат барои ихтироъ ва кашфиёт, беҳтарин асарҳои адабӣ, илмӣ, санъат… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • давлатёр — [دولت يار] бахтёр, хушбахт; соҳибзафар, музаффар …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • давлатёрӣ — [دولت ياري] маҷ. хушбахтӣ, саодатмандӣ, некбахтӣ …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • ХУДОНАЗАРОВ Давлат — (Давлатназар) (р. 13.03.1944, город Хорог, Таджикистан), оператор, режиссер. Заслуженный работник культуры Таджикской ССР (1977). Окончил операторский факультет ВГИКа (1965, мастерская Л. Косматова (см. КОСМАТОВ Леонид Васильевич)). Оператор… …   Энциклопедия кино

  • болиғдавлат — [بالغ دولت] кит. киноя аз давлатманд …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • мусодира // мусодарат — [مصادره // مصادرت] а. молу мулки касеро ба тариқи ҷазо ё ҷарима забт кардани давлат; мусодира кардан молу мулки касеро забт кардани давлат; мусодира гардидан (шудан) забт ва давлатӣ карда шудани (молу мулки касе); ба мусодира кашидан (расондан)… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • бузург — [بزرگ] 1. калон; муқоб. хурд; азим, кабир; мӯҳташам, боҳашамат: иморати бузург, оббанди бузург 2. паҳновар, васеъ, фарох: дарёи бузург, кишвари бузург 3. калонсол, дорои синну соли зиёд, зиёд умрдида нисбат ба касе: бародари бузург, хурду бузург; …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • маъмур — I [مأمور] а. амршуда, фармонгирифта 2. он ки ба ӯ амр шудааст, то ягон кори давлатиро ба анҷом расонад; корманди давлатӣ; вазифадоршуда, мутасаддӣ барои иҷрои коре; амалдор, мансабдор: маъмури давлатӣ, маъмури гумрук, маъмури меҳмонхона…; маъмур… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • моликият — [مالکيت] молу мулк, ки дар тасарруфи касе, ё идорае бошад; моликияти давлатӣ он чи дар тасарруфи давлат аст, молу мулки мутааллиқ ба давлат; моликияти хусусӣ (шахсӣ) молу мулки мутааллиқ ба як кас; моликияти ҷамъиятӣ молу мулки хоси ҷамъият,… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • молия — [ماليه] а. маҷмӯаи воситаҳои пулӣ ва муомилоти давлат; вазорати молия вазорате, ки вазифаи ҳисобгирии дахлу харҷи давлат, тақсимоти воситаҳои пулӣ ва таъминоти пулии сохторҳои давлатиро дар зимма дорад; идора (ё шӯъба) и молия идора ё шӯъбае, ки… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ


Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»